Шеъри Бахор

Оё баҳорон омадаст?

Води гулафшон омадаст

Овози мурғон омадаст

Чупон ба илҳом омадаст

Оё баҳорон омадаст?

Абри гузар гирён шудаст

Ҳар сӯ бубин борон шудаст

Симу гуҳар арзон шудаст

Оё баҳорон омадаст?

Даре суханпардоз шуд

Дашту даман гулбоз шуд

Ҳангомае оғоз шуд

Оё баҳорон омадаст?

Сармасти бӯи навбаҳор

Шайдои ҳусни рӯзгор

Пурсад дили ман беқарор

Оё баҳорон омадаст?

Ҳадиса

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close