Шеъри Лоик — Зиндаги

Бинам, ки дар мағозаю бозорҳои шаҳр
Беназмию ҳаёҳую ҳангомаҳо бувад,
Парвози фикрашон фақат то нархи ину он,
Маънии зиндагияшон нарху наво бувад.

З-ин варта зуд рафтаву эҳсос мекунам:
Бобаргу бонавотарин фарди ҷаҳон манам…
З-он баъд рост меравам ман бар канори рӯд.
Биншаста бемаломате дар рӯи тахтасанг,

Дар об дида акси худ, хурсанд мешавам,
К-имрӯз зиндаам ману дунё – ҳазорранг…
Борад чу бо назокате борони сим-сим
Машшотавор шуста зи саҳро ғуборҳо,

Ҳар сангро ҷило диҳад чун рӯи духтарон,
Ҳар баргро нишон диҳад чун гӯшворҳо,
Дар хештан нагунҷам аз шодию ифтихор,
Моли мананд гӯиё саҳрою даштҳо,

Ин кӯҳу рӯдхонаю ин ёлаҳои сабз,
Ин обшори мӯсафед, ин боғу киштҳо.
Бинам, ки дар иҳотаи куҳсори пурсукут
Дар синаам дилест, ки бебок метапад,

То торҳои зиндагӣ як лаҳза нагсиланд,
Бофандавор рӯзу шабон тор метанад.
Ёбам ки ганҷи синаам бошад ҷунуну шӯр,
Эҳсоси гарм аз дилам фаввора мезанад,

Бинам: зи чашмҳои ман бар чор сӯи даҳр
Барқи нигоҳ шуълаи ҷаввола мезанад;
Донам, ки ёри ҳамдиле аз шаҳрҳои дур
Мактубҳо навишта зи ман ёд мекунад,

Бо ман умед баставу дар ғоибу ҳузур
Номам шунида хотири худ шод мекунад;
Ёбам, ки дар ниҳоди ман гунҷида баҳру бар,
Ҳаққи ман аст зиндагӣ бо талхиҳои худ,

Чандон ки метавонаму чандон ки мерасад,
Гирам ғанимате аз ӯ ман аз барои худ;
Ман бо дили пурорзу эҳсос мекунам:
Дорову босахотарин фарди ҷаҳон манам!

1971

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail