Шеър дар бораи падар

Падар ҳам дӯст медорад чу модар нек фарзандаш
Давоми умр вай бошад, зибаски ин ҷигарбандаш
Намехоҳад ба дунёе диҳад аз хандаи ӯро
Намояд ҷони худро садқаи як ҳарфи дилбандаш
Навозиш карда ӯро, парварад бо як ҷаҳон умед
Баҳори рӯзгораш бишмарад бо як ҷаҳон умед
Намемонад, ки пояш каҷ ниҳад аз роҳи инсонӣ
Ба роҳи неки иқболаш барад бо як ҷаҳон умед

(Муаллиф: Ашур Сафар)

Падарнома

Падар бишнав ин ҳарфи Фарзанди хеш,
Азизу гиромиву дилбанди хеш.
Туи мояи буду пайдоишам,
Канорат ба нозу ба осоишам.
Падар такягоҳи вуҷуди манӣ,
Ту сармояи ҳастиву буди манӣ.
Падари азизам Таваллудат муборак!

Кист он кас-рӯз то бегаҳ давид

Кист он кас-рӯз то бегаҳ давид
Ошу нон баҳри шумо байёр кард
То шумо дар мактаб омӯзед илм
Ҷумла кори хонаву бозор кард
Бо шумо доно шаведу ботамиз
Аз насиҳат гӯшатон пурбор кард

(Муаллиф: Садриддин Айнӣ)

 

Оромиши дил аз падар бувад

Маро аз номи ӯ номе ба сар бувад

Маро дар кураи роҳи зиндагонӣ
Чароғу раҳнамо дар ҳар гузар бувад
Маро иқболу давлат аз вуҷудаш
Ҳамеша ёварам аз ҳар назар бувад
Тамошои маро оромиши ҷон
Нигоҳаш хуштар аз лутфи саҳар бувад
Ба чашмонаш тасаллои дили реш
Каломи дилнишинат чун шакар бувад
Канораш беҳтар аз фасли баҳорон
Ҳузураш мавҷиби фатҳу зафар бувад
Ҳамеша меҳри модарро ба дил дошт
Барояш ҳамсари воло гуҳар бувад
Ба модар гар биҳиште зери по аст
Атои ин фазилат аз падар бувад
На танҳо сояи меҳраш маро пушт
Ки аз ҷон ҳофизи мо аз хатар бувад
Падар то умр дорад ҳоми туст
Ба камтар ранҷи ту аз худ бадар бувад
Набини ходиме бемузд чун ӯ
Ки кораш беҳтар аз сад коргар бувад
Ҳар он фарзанд бинад суфраашро
Насибат табъи волову ҳунар бувад
Писарро гар падар домод созад
Зифофаш чун амирон дар зафар бувад
Ҳар он фарзанд қадрашро накӯ дошт
Ҳамеша рузиаш дар пой дар бувад
Бирав то метавони хидматаш кун
Дуояш пеши Яздон коргар бувад
Ба давронаш кам аз шоҳи надори
Хушо рӯзе ки бо ту ҳамсафар бувад
Расид аз меҳри ӯ Юсуф ба шоҳи
Ризояш беҳтар аз дурру гуҳар бувад

Ҳар он кас меҳри ӯро кам чашида
Ҳамеша ҳасраташ андар назар бувад
Ҳазорон ҳайф умри одамиро
Барояш муҳлати кутаҳ ба сар бувад
Гурезе нест одамро зи мурдан
Ки дар тақдири одам ин сафар бувад
Ҳаводис одамиро дар камин аст
Аҷал ҳам дар камини ҳар башар бувад
Ҳазорон сӯз беандоза дорад
Агар марги падар андар хабар бувад
Падар чун рахт бандад но баҳангом
Видоаш кудаконро талхтар бувад
Касе ку ҷуз падар ёре надорад
адар чун мурд дардаш бештар бувад
Барои ҳасрати як дидани ӯ
Ду чашмони тараш доим ба дар бувад
На чашм ором гирад не дилу ҷон
Фироқаш бар дили санг ҳам асар бувад
Агар бо сели ашкам зинда мегашт
Маро худ ин тавон дар чашми тар бувад
Чигуна аз фироқаш кас нанолад
Ки дар умраш бароят болу пар бувад
Валекин рафта боз нояд эй дӯст
Агар ҳатто падар пайғамбар бувад
Ба рӯзе гуфт андарзе ба фарзанд
Чу меҳри дилбари ӯро ба сар бувад
Нагардад шӯи бад, бобои некӯ
Агар майлат ба духтар ё писар бувад
Хушо он ҳамсар ки дорад хулқи некӯ
Вагарна издивоҷаш бо зарар бувад
Падар ҷон аст, падар ҷонони ҷон аст
Агарчи камтар аз як коргар бувад
Биё то ҳаст қадрашро бидонем
Ки пайки марг кораш бехабар бувад
Дили оят зи марги ҳар падар сухт
Ки марги ҳар падар доғи башар бувад

Муаалиф: Азими Некбаҳор

Падар бишнав ин ҳарфи фарзанди хеш
Азизу гиромиву дилбанди хеш
Туи мояе буду пайдоишам
Канорат ба нозу ба осоишам
Падар такягоҳи вуҷуди мани
Ту сармояи ҳасту буди мани

Эй падар эй бо дили ман ҳамнишин
Эй самими эй бар ангуштар нигин
Эй падар эй ҳамдами танҳоиям
Ошнои бо ғами танҳоиям

Дар садоқат бартар аз оинаи
Дар рафоқат бодаи бекинаи
Эй сафедори баланду бепойдор
Мебарам номи туро бо ифтихор 

Ёдам омад ки дар дили шабҳо ҳазор бор
Дасти навозишам ба сару ру кашида буд
Аз худ бурун шудам ба тамошои руи ӯ
Ки лаззати висол бадин ҳад расида буд
Чун маҳв шуд хиёли падар аз назар маро
Ашке ба руи гунаи зардам чакида буд

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close