Шишаи бовари шикаст

Баски хӯ кардаст бо кулфат дили ғампешаам,
Санг мегардад, агар резанд май дар шишаам.
Барқаму бар хирмани аҳли ситам дорам гузар,
Ҳар куҷо хори мағелон аст, бошад бешаам.
Нахли сабзам аз кадомин ҷӯй обам додаанд,
Сояи май бедмаҷнун аст, сунбул решаам.
Ҳар куҷо оташ алам гардад пару боли ман аст,
Нест чун мурғи кабоб аз сӯхтан андешаам.
Сайидо, бо кӯҳкан азбаски дорам нисбате,
Нест ғайб аз номи Ширин бар забони тешаам.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close