Щоҳидон

Щоҳидон гар дилбарӣ зин сон кунанд,

Зоҳидонро рахна дар имон кунанд.

Ҳар куҷо он шохи наргис бишкуфад,

Гулрухонаш дида наргисдон кунанд.

Эй ҷавони сарвқад, гӯе бизан,

Пеш аз он, к-аз қоматат чавгон кунанд.

Ошиқонро бар сари худ ҳукм нест,

Хар чӣ фармони ту бошад, он кунанд.

Пеши чашмам камтар аст аз қатрас

Он ҳикоятҳо, ки аз тӯфон кунанд.

Ери мо чун гирад оғози симоъ,

Қудсиён бар Арш дастафшон кунанд.

Мардуми чашмам ба хун огушта шуд,

Дар куҷо ин зулм бар инсон кунанд?

Хуш баро бо ғусса, эй дил, к-аҳли роз.

Айши худ дар бутаи ҳиҷрон кунанд.

Сар макаш Ҳофиз, зи оҳи ними шаб,

То чу субҳат оина рахшон кунанд.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail