ШОИСТА ҒАЗАЛХОНАМ

Хоҳам, ки ғазал гӯям,
Шоиста ғазал гӯям.
Доим ба ҳузури халқ,
Оям ба маҳал гӯям.
Бишнав, ки ғазал ширин,
Монанди асал гӯям.
Ҳуш бурда зи сомеъон,
Тамсилу масал гӯям.
Гоҳ аз гули рухсору,
Аз соқу кафал гӯям.
Бемор шифо ёбад,
Дар гӯши касал гӯям.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close