ШОИСТАТАРИН

Дар дилам чашмаи хуршед биҷӯшад ҳама рӯз,
Орзую ҳавасу нийяти ман хуршедист.
Дар шаби тортарини дили ман маҳтоб аст,
Шоми навмедии ман субҳдами уммедест.

Сояи ман каҷу хамхӯрда нарезад ҳаргиз,
Офтоби сари ман баски дурахшад ба қиём.
Нуқтаи абри сияҳ нест ба гардуни дилам,
Тирагӣ нест дар он ҷо, ҳама нур астм удом.

Эй ҳамоне ки маро шӯълафишон медорӣ,
Рӯйи пурнури ту дар рӯйи ҷаҳон меҷӯям.
Ҳамчунон гавҳари тобон ки ба дарёи самост,
Худ нишоне туаму аз ту нишон меҷӯям.

Аз ту шоистатаре нест дигар ишқи маро,
Аз ту боистатаре нест ба ин арзу суҷуд.
Ту ки ҳастӣ ҳама нуру ҳама сидқу ҳама ишқ,
Ишқи мастури диламро ба кӣ хоҳӣ бахшуд?!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail