СИМЧӮБҲО

Бо нахустин аскари сурх,
Бо нахустин духтури рус,
Бо нахустин муҳри Шӯро
Омадед аз ҷангали паҳновари рус.
Чун асое бар заифе,
Муттакое бар наҳифе
Омадед аз кишвари рус
Бо закою фитрати равшангари рус.
Аз сари кӯҳ,
Аз лаби дарё гузаштед,
Чун мунодӣ аз миёни водиву саҳро гузаштед,
То шумо будед андар хоки Рус,
Ҳусни ҷангал аз шумо буд.
Лек рӯзе парчами озодиро
Чун шафақ афрохтанд,
Чӯби парчам аз шумо буд.
Лек рӯзе машъали пирӯзиро
Дастҷамъ афрӯхтанд,
Чӯби машъал аз шумо буд.
То ба кӯҳистон расидед
Чун бародарҳои ҳамзоде қатор андар қатор,
Дастаи парчам ба дасти мо расид,
Дастаи машъал ба дасти мо расид.
Пеши нуре, ки шумо кардед нақл,
Дар куҳистон
Гар чароғи хирае буд,
Хиратар шуд.
Чашмҳо пурнуртар шуд,
Зиндагӣ маъмуртар шуд.
Омадед аз ҷангали рус
Баҳри мо чун машъали рус…
25.6.1974

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail