![This image, centred on the B[e] star HD 87643, beautifully shows the extended nebula of gas and dust that reflects the light from the star. The central star's wind appears to have shaped the nebula, leaving bright, ragged tendrils of gas and dust. A careful investigation of these features seems to indicate that there are regular ejections of matter from the star every 15 to 50 years. The image, taken with the Wide Field Imager on the MPG/ESO 2.2-metre telescope at La Silla, is based on data obtained through different filters: B, V and R.](http://sherho.ortgk.ru/wp-content/uploads/2017/03/Звезды-белого-голубого-желтого-красного-цвета-634x300.jpg)
СИТОРАҲОИ СӮХТА
Бисёр ситораҳои мо сӯхт
Аз пастии мо дар осмонҳо.
Бисёр азизи мо фурӯ мурд
Норафта бурун зи остонҳо.
Бисёр бузурги мо ба хорӣ
Бигзашт зи ҷабри ҷонситонҳо,
Аммо дили халқ дар амон монд,
Бар рағми ҳама аҷал ҷавон монд.
Бисёр фалаҷ шуд ақлу фитрат,
Бисёр бимурд орзуҳо.
Бисёр фурӯ нишаст ҷуръат,
Фаввораи азму ҷустуҷӯҳо.
Бисёр чу оби ҷӯй бигзашт
Аз хоки замона оби рӯҳо,
Аммо дили халқ дар амон монд,
Бар рағми ҳама аҷал ҷавон монд.
Он қадр гусаст тори эҳсос,
Он қадр шикаст пушти ҳиммат.
Он қадр фитод зору бекас
Ҷонбози ватан ба хоки ғурбат,
Он қадр бихӯрд зарби ағёр,
Он қадр кашид бори меҳнат,
Аммо дили халқ дар амон монд,
Бар рағми ҳама аҷал ҷавон монд.
Аз як деҳа то деҳи дигар буд
Тартиби дигар, ҷаҳони дигар.
Як бом, валек ду ҳаво буд,
Меҳру маҳу осмони дигар.
Як халқ ба ном буду ҳар қавм
Бо лаҳҷаю бо нишони дигар,
Аммо ҳамаро як орзуе –
Уммед ба қисмати накӯе.
То миллати мо бисохт миллат
Аз дашти ҳазор ҷанг бигзашт.
Дар оташи ҷанги мову ман сӯхт,
Аз санҷиши ному нанг бигзашт.
Дар оташи дил гудохт худро,
Аз тиргаҳи туфанг бигзашт,
То соҳиби рӯзгори худ шуд,
Ин гуна зимомдори худ шуд.
Он сӯхта ахтарони таърих
Аз байни кашокаши замонҳо
Чун нури ситораҳои мурда
Равшан бикунанд вақти моро,
Зеро ки гузаштагон ҳамеша
Бошанд чароғдори фардо…
З-ин рӯ дили халқ ҳамчу дарёст,
Вопас наравад, ки қасд фардост.
18.11.1973