СОҚИНОМА

Соқӣ, бидеҳ як ҷоми май, масту ғазалхон парвард,
Ғамро зи мо дурр афканад, шоди диҳад, ҷон правард.
Бирхезу фикри бода кун, фикри дигар омад кун,
Айшу тараб омад кун, ҷонро ба ҷонон парвад.
Ҷомат бирезӣ беғараз, дилро ба дил бошад ҳавас,
Мардона гуфтори ту бас, гӯё ки инсон парвард.
Монанда ҳастӣ бо парӣ, гавҳар ба домон парвари,
Ҳусни ту ҳусни озарӣ, ба ноз ҷавлон парвард.
Чун дил ба дил шуд ҳамнафас, ҳарфе магӯ дигар ба кас,
Аз қисматам ғамги машав, зеро ки пинҳон парвард.
Ҷонона, ҳай соғар бикаш, ҳай май бинӯшу бода чаш,
Нӯше намову ҷома каш, гӯё ки инсон парвард.
Лутфи ту моро ба ҳавас, аз лаълакат як бӯса бас,
Сархуш намоӣ як нафас, гӯё ки султон парвард.
Ҳар дил дилеро во кунад, ҷонро ба ҷонон парвард.
Он дилбари симинбадан зебост дар боғу чаман,
Аз лутфу ҳусни гулбадан гулҳои хандон парвард.
Шайхе ба мирзо Ғафур бидҳад сабо аз роҳи дурр,
Мирзо нишоне аз Ғафур, садҳо ғаюрон парвард.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close