СОҚИНОМАИ ИМРӮЗИН

Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки наздик созад раҳи дури мо.
Бидеҳ, соқӣ, он май, ки мун Мо шавем,
Ҳама дар такопӯи фардо шавем,
Зи ҳар ҷо биёему якҷо шавем,
Ҳама қатраҳоему дарё шавем,
Ҳама волаи ҳусни воло шавем,
Зи пастии худкомӣ боло шавем.
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки наздик созад раҳи дури мо!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки бино шавад дидаи кӯри мо.
Бидеҳ соғаре, то нишотам диҳад,
Зи марги муаллақ баротам диҳад,
Зи шарри камонҳо наҷотам диҳад,
Ба саҳни чаманҳо бисотам диҳад,
Ба матни замона суботам диҳад,
Ба батни замона ҳаётам диҳад.
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки бино шавад дидаи кӯри мо!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки равшан шавад хонаи гӯри мо.
Бидеҳ он сабӯе, ки нирӯ диҳад,
Равонро маконе зи минӯ диҳад,
Ба ҳар оҳамон доди ёҳу диҳад,
Амонмон зи ҳар ҷурму оҳу1 диҳад,
Ба миллат раҳу рӯи яксӯ диҳад,
Ба бешу ками мо тарозу диҳад.
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки равшан шавад хонаи гӯри мо!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки Рустам шавад ҳар яке пури мо.
Бидеҳ косае, то писарҳои мо
Бибошанд ҳар ҷо сипарҳои мо;
Ки тифлони ширу шакархои мо
Биболанд пеши назарҳои мо;
Ки пайваста бошад сафарҳои мо
Қадам дар қадам бо зафарҳои мо.
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки Рустам шавад ҳар яке пури мо!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки равшан шавад шоми дайҷури мо,
1. Оҳу – гуноҳ, базаҳ.
Ки хокистари мо шарор оварад,
Ки сарпастии мо манор оварад,
Ки барги хазонмон баҳор оварад,
Ки дуди дадон аз димор оварад,
Ки рӯҳи падарҳо барор оварад,
Ки самти назарҳо ба бор2 оварад.
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки равшан шавад шоми дайҷури мо!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки мирад зи ғам хасми манфури мо.
Бинӯшему донем худхоҳ кист,
Бинӯшему донем худкоҳ кист,
Бинӯшему донем гумроҳ кист,
Ки ҷонкоҳи ин гоҳу даргоҳ кист,
Худогоҳ кисту дилогоҳ кист,
Парешонии мо ба дилхоҳи кист.
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки мирад зи ғам хасми манфури мо!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки афзун шавад ганҷи ганҷури мо.
Бидеҳ соғаре, то ки пулдорҳо
Нашинанд боло зи дилдорҳо;
Ки гулчеҳрагонро ба гулзорҳо
Фароҳам шавад файзи дидорҳо;
Ки аз фазли асрори тӯморҳо
Бимиранд андӯҳу тиморҳо.
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки афзун шавад ганҷи ганҷури мо!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки камтар шавад ранҷи ранҷури мо.
Ки дар хоки Меҳан миҳан кам кашем,
Мабодо, ки дар чолаҳо нам кашем.
Мабодо, ки дар дил фақат ғам кашем,
Мабодо, ки тобуту мотам кашем.
Магӯ бори сангин дамодам кашем,
Дуо гӯй то ганҷи Ҳотам кашем!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки камтар шавад ранҷи ранҷури мо!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки ширин шавад толеъи шӯри мо;
Ки моро зи мо дур кардан хатост,
Ҷудоии мо аз тую ман хатост;
Ки оташ ниҳодан ба хирман хатост,
Ки эмин набудан ба маъман хатост;
Ки беаҳд будан ба Меҳан хатост,
Кашидан зи ҳоҷот гардан хатост!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки ширин шавад толеъи шӯри мо!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо
Алорағми ин даври ноҷӯри мо.
Бидеҳ косаи май, ки виҷдони мо
Бувад решаи аҳду паймони мо;
Ки он душмани хонаву ҷони мо
Насозад ҷудомон зи имони мо;
Ки дар хоки мо, Тоҷикистони мо
Расад навбати давру даврони мо!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо
Алорағми ин даври ноҷӯри мо!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки равшан кунад даҳрро нури мо.
Ки аз Ховаронем, Ховар зи мост!
Ки аз доваронем, довар зи мост!
Ки аз сарваронем, сарвар зи мост!
Ки аз меҳтаронем, меҳтар зи мост!
Ки минбархудоем, минбар зи мост!
Ки меҳроваронем, меҳвар зи мост!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки равшан кунад даҳрро нури мо!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Биафзо ба бозуи мо зӯри мо.
Ки ман будаму оҳу афсӯси халқ,
Ки ман будаму хасми манҳуси халқ;
Ки ман будаму дӯшу имрӯзи халқ,
Ки ман будаму рози мармузи халқ;
Ки ман будаму рӯзиву рӯзи халқ,
Ки ман будаму рӯҳи пирӯзи халқ!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Биафзо ба бозуи мо зӯри мо!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки бинем он рӯзи манзури мо.
Ки ояд яке мушкилосони мо,
Ки орад ба сад дард дармони мо.
Яке ояду гӯяд аз ҷони мо:
Ба ҳам ҷӯш хур, эй Хуросони мо!
Ки дар гардиши ҷому даврони мо
Нигаҳбони мо бод яздони мо!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки бинем он рӯзи манзури мо!
* * *
Ало, субҳи ҳумоюнфар,
Биё дар чеҳраи беобу рангу равғанат мирам,
Биё дар хандаҳои бефанат мирам,
Биё дар чашмҳои равшанат мирам!
Чи шоми тирарӯзе буд, шоме ки ба сар бурдам,
Ва дар чанголи хунолудаи кобус
Зи теғи ҳамнажоди хештан мурдам.
Маро куштанд,
Маро дар хуни ман бо ифтихори хоса оғуштанд.
Сипас рафтанд сӯи издиҳоми халқ,
То хонанд худро қаҳрамони покноми халқ…
Чу сар бардоштам аз бистари кобус
Танам бетоб меларзид,
Паси шиша назар кардам
Зи шарми ҳамнажоди ман
Ба гардун қурсаи маҳтоб меларзид.
Чӣ мегӯӣ,
Ба чашмам ҷумла хушку об меларзид.
Такондам маргро аз хештан,
Кобусро рондам.
Яке дидам, ки ту меомадӣ аз хонаи хуршед,
Ба дастат соғаре аз бодаи мастонаи хуршед.
Туро гуфтам:
Маро куштанд!
Хандидию рақсидӣ.
Туро гуфтам:
Маро куштанд!
Маро оғӯш бигрифтиву бӯсидӣ.
Ало, субҳи ҳумоюнфар,
Маро он беҳ,
Ки то аз теғи дасти душманат мирам,
Биё, дар доманат мирам,
Биё, дар доманат мирам!
* * *
Шаб вожаҳоро хоб мебинам
Вожаҳо дар оғӯши ман,
ман дар оғӯши вожаҳо,
Вале як рӯз,
афсӯс,
Мешавам фаромӯши вожаҳо
Ҳарчанд онҳоро зинда доштам.
14.2.1998
Куллиёти ашъор 261
* * *
Ман алвонҷи баланд мехостам,
Шаҳболамро шикастанд.
Ман силсилаи номуси миллатро
Дона-дона пайвастан мехостам.
Силсиларо гусастанд.
Эй мунодиёни Ваҳдат!
Ман танҳоям.
Агар ман танҳоям,
Ваҳдати шумо чӣ ҷавҳаре дорад?
* * *
Маро, тоҷикро, тоҷикон, шукри худо,
накуштаанд ҳанӯз.
Бо тири тапончаҳо ва мусалсал
ва хумпораандоз –
мисли Осимӣ, Исҳоқӣ,
Ғуломӣ ва Олимпур (даст марезод)!
Ман зиндаам ҳанӯз,
Вале
куштаанд ва куштатарам аз эшон,
Чи ихлоси маро,
Имони маро,
Эътиқоди маро куштаанд.
Ва ман як мушт сутхони хушк мондаам.
Рагҳоям туҳӣ аз хуни ифтихори миллат.
Ба санги мазори эътиқоди ман
Кӣ катиба менависад?
Ва чӣ менависад?
* * *
Ман бо шумо будам,
Қадри маро надонистед,
Ё донистан натонистед,
Ва ман бо шумо бидруд гуфтаму рафтам,
Худо ёратон!
Равони ман бо шумост
Агар аз шумо равоне мондааст…
* * *
Дар ин ҷаҳон пас аз он ҷанги ҷаҳон
Боз ҳам
Ду маслух алорағми қисмат зинда монданд:
Яке яздонпараст,
Яке шайтонпараст.
Эй ҷаҳон! Аламон! Аламон!
25.8.1998

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail