СОЯҲОИ ҒУРУБ

Сояҳои дарози вақти ғуруб
Рӯзи кӯтоҳро фурӯ бурданд.
Кӯр карданд чашми равшани рӯз,
Ба сари рӯз пой афшурданд.
Рафт хуршед аз дили дарё,
Дар дили об печутоб афтод.
Сояи кӯҳ ҳамчу кӯҳи ғам
Ба дили беқарори об афтод.
Рафт хуршед пушти кӯҳаи кӯҳ
Чун савори фитода аз кӯҳон.
Шафақи сурхи домани гардун
Дошт худсӯзие зи ҳиҷрати он.
Ҳамчу дандони арра меғӯтад
Сояи теғаҳо ба рӯи замин,
Пушти ҳар теппаеву ҳар кӯҳе
Соя гӯӣ гирифтааст камин…
Дар лаби рӯд ташнаи ҳастӣ
Ҳар ғуруб интизор биншинам.
Дар ҷабини шикастаи амвоҷ
Сояҳои ғурубро бинам:
Пахш созанд сояҳои бузург
Сояҳои заифу беҷонро –
Ҳамчунон ки фурӯ барад дарё
Дар дами хеш ҷӯйборонро.
Бигзарад соя аз сари ман ҳам,
Сояи ман фурӯ равад дар ӯ.
Домани сояе ба каф н-ояд
То бипурсам, ки сояи ман ку?
Шом ояд, ба коми тира кашад
Сояҳои бузургу кӯчакро,
Аз баногӯши кӯҳ маҳ тобад
Ҳамчу як гӯшвораи тилло.
Зери оҳанги хониши дарё
Мекунам шукри зиндагию зист,
Домани сояе чаро гирам,
Бе худи ман, ки сояи ман нест!
* * *
Ошиқам, гар бо манӣ, гар бе манӣ,
Ошиқам, то он ки барноиву пок.
Ошиқам, то ҳастӣ дар рӯи замин,
Ошиқам, то банда берунам зи хок.
Ошиқам бар чашмҳои содаат,
Чашми ту гӯё ки чашми зиндагист.
Гар ту бо ман сахт гирӣ соате,
Рӯзгорам пур зи хашми зиндагист.
Ошиқам бар рӯи чун субҳи баҳор,
Ошиқам бар хандаҳои равшанат.
Гарданам гӯё ба гардун мерасад,
Чун бибӯсам аз баёзи гарданат.
Ин баҳорам бо ту сар шуд аз насиб,
Ин баҳорам бо ту пургул бигзарад.
Бигзарад, аммо ба ёди рӯи гул
Ишқи ман чун умри булбул бигзарад.
Ин баҳори ман баҳори ишқи туст,
Ин баҳори сарфарозии дил аст.
Мавсими бозии ман бигзашт агар,
Ин баҳори ишқбозии дил аст.
То тавонӣ, бо дили ман бозӣ кун,
Гул бичин, дар банди кокул гул бизан.
Шӯхӣ-шӯхӣ гир андар рӯи каф,
Розӣ кун ӯро ба бозӣ, ҷони ман.
Эй гули наврустаи ишқу умед,
Ханда кун, ҳаргиз матарс аз нокасон.
Ин баҳорам бо ту сар шуд аз насиб,
Ин баҳорам бо ту монад бехазон…
* * *
Дили девонае дорам, намедонам чӣ мехоҳад
Ба дарди ӯ гирифторам,
Физояд ҳар нафас доғеву аз он доғ хушбахт аст,
На хуш хобам, на бедорам,
Ба ман ҳар лаҳза бистезад,
зи қоби сина бигрезад,
На бигзорад, на бигзорам,
Надорад як дам осоиш, зиҳӣ осоиши мутлақ!
Сабукборам, гаронборам,
Миёни обу оташ монда, на ғарқам, на месӯзам,
На сармастам, на ҳушёрам.
* * *
Зиндагӣ як бор бар чанги ман афтоду раҳо шуд,
Пас намедонам куҷо шуд.
Дилбаре як бор бо ман ошиқӣ карду ҷудо шуд,
Пас намедонам куҷо шуд.
Як худо бо ман худоӣ карду охир бехудо шуд,
Пас намедонам куҷо шуд.
Як замон бо ман насиб афтоду чун
тири хато шуд,
Пас намедонам куҷо шуд.
Ишқ чун пайки бақо омад, вале пайки фано шуд,
Пас намедонам куҷо шуд.
Лоиқ андар шоирӣ бо ошиқӣ то ҳамнаво шуд,
Пас намедонам куҷо шуд…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail