Сухбат

Гуфтам: «Ғами ту дорам», Гуфто: «Ғамат сар ояд».

Гуфгам, ки: «Моҳи ман шав!» Гуфто: «Агар барояд».

Гуфтам: «Зи меҳрварзон расми вафо биомӯз!»

Гуфто: «Зи хубрӯён ин кор камтар ояд».

Гуфтам, ки: «Бар хаёлат роҳи назар бибандам»,

Гуфто, ки: «Шабрав аст ӯ, аз роҳи дигар ояд».

Гуфтам, ки: «Бӯйи зулфат, гумроҳи оламам кард».

Гуфто:«Агар бидонӣ, хам ӯт раҳбар ояд».

Гуфтам: «Хушо ҳавое, к-аз боди субҳ хезад»

Гуфто:«Хунук насиме, к-аз кӯйи дилбар ояд».

Гуфтам, ки:«Нӯши лаълат моро ба орзу кушт».

Гуфто: «Ту бандагӣ кун, к-ӯ бандапарвар ояд».

Гуфтам: «Дили раҳимат кай азми сулҳ дорад?»

Гуфто: «Магӯй бо кас, то вақти он дар-ояд».

Гуфтам: «Замони ишрат дидӣ, ки чун сар омад?»

Гуфто: «Хамӯш, Ҳофиз, к-ин ғусса ҳам сар ояд».

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail