САНАДИ СУЛҲРО ИМЗО МЕКУНЕМ!

Мо пайравони афкори Ленин,

Халқи шӯравӣ, халқи боидрок,

Чун замини Сталинградро

Аз бадхоҳи нопок мекардем пок,

Он дам к-аз хуррам диёри Ленин

Хасмро мерӯфтем монанди хошок,

Вақте теғи мо озодӣ медод,

Ба Шарқи асир, Ғарби синачок.

Онгаҳ ки фашистонро бо хорӣ

Мегурезондем аз ҳар шаҳр, чолок,

Ҳамон вақт кори ҳоло мекардем:

Санади сулҳро имзо мекардем.

Имзоро навиштем бо хуни худ,

Бозуи заҳмат мӯҳр зада бар он.

Дар мазмуни табрику ташшакур

Ба он шоҳид гардид халқи ҷаҳон.

Он хату мӯҳри мӯътабар сабт аст

Дар варақҳои таърихи инсон.

Рангу равнақашро ҳифз мекунем,

Бо ҳаррӯза кору саъи ҷӯшон.

Он санадро бо чашми худ диданд.

Ҷаллодони Амрик-Инглистон.

Агар ба доллар набохтаанд ҳуш,

Чӣ гуна онро карданд фаромӯш?

То он санадро ёдовар шавем,

Мо ин санадро мекунем имзо.

Мураккабу хомаи ин санад

Ҳаст иродаву азми миллатҳо.

Он санад – фидокории мо буд

Ки халқи дунё тасдиқ кард онро.

Дар ин разми инсон зидди ҷонвар

Ширкат мекунад тамоми дунё.

Даъвати сулҳ итмоми ҳуҷҷат аст

Ба дарандагони одамнамо.

Гар бонги ин шайпурро нашунаванд,

Сахт аз кори худ пушаймон шаванд.

Зӯри сулҳ пирӯз хоҳад шуд? Оре,

Зеро ки олам инро мехоҳад.

Аждари ҷангро хоҳем кушт? Бешак.

Чун навъи одам инро мехоҳад.

Ҷанг фурӯзон хоҳанд сӯхт? Мусаллам.

Ҳар касро бинам, инро мехоҳад.

Ҷанг бояд шавад? На! Ҳар кас номӯс

Дорад мӯҳтарам, инро мехоҳад.

Ақли кӯҳансол, виҷдони ҷавон,

Дили кӯдак ҳам инро мехоҳад.

Шӯроҳо меразманд барои сулҳ,

Пас, ғолиб хоҳад шуд қувои сулҳ.

1950.

 

 

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail