Сурмаи чашми сиёҳи ту

Эй сурма сайдгаштаи чашми сиёҳи ту!
Бошад каманди гардани оҳу нигоҳи ту.
Силӣ занад хироми ту мавҷи саробро,
Сайёдро фиреб диҳад ҷилвагоҳи ту…
Азбаски интизори ҳалокам чу Сайидо,
Чашмам шудаст ҷавҳари теғи нигоҳи ту.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail