Суруди мактаб

Саҳаргоҳон, ки булбул дар наво шуд,
Гул аз шодӣ шукуфту ғунча во шуд.

Шумо, эй булбулони боғи мактаб,
Саҳаргоҳон чаро хобед ҳар шаб?

Шумо ҳам дар наво оед бояд,
Ки то аз боғи маънӣ гул кушояд.

Саҳаргоҳон гулистон дабистон
Тароватбахш бошад чун гулистон.

Чаро аз ин гулистон гул начинед?
Чаро дар кунҷи бекорӣ нашинед?

Биёед, эй шарикон, дарс хонем,
Ба бекориву нодонӣ намонем.

Ба олам ҳар касе бе кор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close