Суруди ошики

Раҳравони кӯи ҷонон сархушанд,

Ошиқон дар васлу ҳиҷрон сархушанд

Ҷони ошиқ, сар ба фармон меравад

Сар ба фармон сӯи ҷонон меравад

Роҳи кӯи майфурушон баста нест

Дар ба рӯи боданушон баста нест

Бодаи мо соғари мо ишқи мост

Мастии мо дар сари мо ишқи мост

Дил зи ҷоми ишқи ӯ шуд майпараст

Маст маст аз ишқи ӯ шуд маст маст

Мо ба сӯи равшанои меравем

Сӯи он ишқи Худои меравем

Дустон! Мо ошнои ин раҳем

Меравем аз ин ҷудои во раҳем

Нури ишқи поки ӯ дар ҷони мо

Марҳами ин ҷони саргардони мо

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close