СУРУДИ СУЛҲ

Ошиқо, дар паҳлуи ҷонона биншин тангтар,
Гӯш бар созу ба оҳанги рубоб андохта.
Месарояд дил, дили саршори меҳри дӯстӣ,
То нагардад ҳеҷ гоҳе хам сари афрохта.
Ҳисси поки дилбариву сӯзу сози зиндагӣ
Акс гардидаст дар овозу дар оҳанги тез.
Нолаи най илтиҷои пургудози ошиқ аст,
Илтиҷову лобаву зорӣ ба дилдори азиз.
Мехурад кас печутоб аз печутоби сози ӯ,
Гоҳ кас аз шавқи беҳад ҷаста мехезад зи ҷо,
Менигар, аз чашми ошиқ қатраҳои ашк рехт,
Аз чӣ буд ин ашк? Аз ғам? На, зи эъҷози наво!
Гӯш кун, дилдодаи муштоқ, ин савту суруд
Баҳри амният садои хеш боло мекунад.
Ҷои тиру теғ баҳри ҳифзи сулҳи ҷовидон
Шеъри ҳассон, савти нӯшин
сайри дунё мекунад.
Гӯш кун, аз байни оҳангу навои ҳофизон
Ҳеҷ гаҳ н-ояд ба гӯши ту садои даҳшате,
Ҳеҷ гаҳ н-ояд ба гӯшат даҳшати ҷанги шадид,
Нолаҳои синасӯзе, оҳу воҳе, ҳасрате.
Гӯш кун, то ғулғуландоз аст ин савту суруд,
То навои ӯст дар олам паи радди бало,
Ту нахоҳӣ сӯхт андар оташи ҷангу ҷидол,
Ту нахоҳӣ буд ҳаргиз аз нигори худ ҷудо!
1961

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close