СУТУНҲО

Ҳама чун аскарони сафкашида
Ҳазор андар ҳазоранд.
Ситода дар рада мисли низомӣ
Қатор андар қаторанд.
Ҳама чун аскарони навбатӣ дар посгоҳи хеш
Гӯё посбони рӯшноиянд.
Миёни даштҳову дарраҳову кӯҳҳо,
гармою сармоҳо
Ба монанди ризокору фидоиянд.
Ҳама чун қосидону чопарони навбатӣ
дар роҳу манзилҳо
Паёми нур меоранд аз шаҳре ба шаҳре,
кӯй то кӯе.
Саф андар саф ҳама чун ноқили нуранд.
Мусофирҳои бас раҳҳои дуранд.
Мусофирҳои роҳи дур чун марди сафоҷӯе.
Ва ё онҳо асои ҷумла кӯрону асои нурҷӯёнанд,
Ки дар тӯли ҳазорон сол роҳи равшанӣ ҷуста,
Асои хешро дар роҳҳо гум кардаанд.
Имрӯз чун ёде зи соҳибшон
Асоҳо дар сари роҳу миёни даштҳо руста?
Сутунҳо гар асои нурҷӯёнанд,
Фардо чун зи Нуристони Норак қосидони нур
Қатор андар қатора,
Ҳазор андар ҳазора
Ба манзилҳо паёми нур меоранд,
Мапиндоред онҳоро тани хушки дарахте,
Баски онҳо посбононанд,
Онҳо пайкари озодмардонанд.
Ва симҳошон
Раги шарёни ононанд…
1971

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail