Суханхои бехтарин — панду насихат

Чу хоҳи, ки озод боши зи ранҷ,
Беозору оганда, беранҷу ганҷ.
Беозории зердастон гузин,
Ки ёби зи ҳар касс ба дод офарин.

Набояд, ки бошад фаровон сухун,
Ба рӯӣ касон порсои макун,
Сухан бишнаву беҳтарин ёд гир,
Нигар то кадом оядат дилпазир.

Ҳар он касс, ки у гумм кунад роҳи хеш,
Бад ояд бадандешро кор пеш,
На ин бошад оини озодагон,
Ҳаме тан ба куштан дихи ройгон.

Ба гуфтори ширини бегонамард,
Ба вижа ба ҳангоми нангу набард.
Пажухиш намояд, битарс аз камин,
Сухан ҳарчи бошад ба жарфи бубин.

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кудаки хурду пайванди хеш,
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail