СУХАНИ ТОЗАТАРЕ ГӮЙ

Шоир, сухани тозатаре гӯй ки айём
Бо тоза бувад ҳамнафасу ҳамдаму ҳамкор.
Чун хонуми танноз бувад асри ману ту,
Ҳар лахза либоси наву зебост талабгор.
Бар кӯҳнафурӯшон бирасонед, ки минбаъд
Дар арсаи айём наҷӯянд харидор.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close