Сузан агар дар дили ман монд…

Аз хоки ватан гӯри падар дар дили ман монд,
Модар чу мазори лаби ҷар дар дили ман монд.
Дар оташи ғам коғази рӯи ман агар сӯхт,
Аз хоҳари ман коғази cap дар дили ман монд.
Дар баставу фарзанди падар дар паси дар рост,
Фарзанди падар дар паси дар дар дили ман монд.
Ман рафтаму сад хешу табор аз сари ман рафт,
Аз рафтанашон турбати тар дар дили ман монд.
Дар решаи тиллоӣ набуд решаи ҷонам,
Пӯдина чу доруи чигар дар дили ман монд.
Дар сӯзани девори ман аст риштаи умрам,
Кофист ҳамон сӯзан агар дар дили ман монд.

13 апрели 1996, Ҷаксонвилл

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close