Соли нав Табрик!

Гӯши дил бодо Шуморо бар садои зиндагӣ,
Чашми дил равшан бимонад аз зиёи зиндагӣ.
То хирад бошад Шуморо раҳнамоӣ зиндагӣ,
Бар Шум обо ин таманно соли нав табрик бод!
Соли нав некӯтарин солее ба ҳар тоҷик бод!
Тифлаку гаҳвора бошад хонаорои Шумо,
То суруди алла бошад шаҳди овои Шумо,
Хам зи бори ғам нагардад сарви болои Шумо!
Дар муҳаббатхонаи дилҳо бувад ҷои Шумо,
Дар паноҳи сулҳ бошад  бахти волои Шумо!
Бар Шумо бо ин таманно соли нав табрик бод!
Соли нав некӯтарин соле ба ҳар тоҷик бод!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close