ТАҚЛИДИ МАВЛАВӢ

Ман ошиқи дарёстам,
Пуршӯру пурсавдостам.
То навбати дунё марост,
Дунёстам, дунёстам.
Ман лоиқи номи худам,
Фарзанди айёми худам.
Бо ҳусни оғозе, ки буд,
Ман ҳусни анҷоми худам.
То он даме, ки ман манам,
Милён сарам, милён танам.
Ман сад ҳазорон ҷону дил
Дар ҷилди як пироҳанам.
Гаҳ таъна бар дунё занам,
Гаҳ рахна бар дилҳо занам.
Гаҳ ҳар чӣ ояд пеши рӯ,
Бефарқ пушти по занам.
Гоҳе сияҳмастӣ кунам,
То шукри ин ҳастӣ кунам.
Дар қуллаи табъи баланд
Эй вой, агар пастӣ кунам.
Гаҳ худшикан, гаҳ бутшикан,
Гаҳ худ ба худ, гаҳ анҷуман.
Гаҳ дар замин, гаҳ дар фалак
Фориғ зи баҳси мову ман –
Ман шоири дилдодаам.
Дар кӯи дил афтодаам.
Гаҳ чун замон печидакор,
Гоҳе чу байти содаам.
Эй, ки намедонӣ маро,
Бо ман макун чуну чаро,
Бе шоиру ошиқ, бидон,
Дунё шавад мотамсаро.
Шоир ба савдояш хуш аст,
Бо ҷони шайдояш хуш аст.
Ҳатто ба наздики худо
Бо бехудиҳояш хуш аст.
Шеърам ниёзи ишқ буд,
Сӯзу гудози ишқ буд.
Шебу фарози байтҳом
Шебу фарози ишқ буд.
Дил дода, дилбар ёфтам,
Сар дода, сарвар ёфтам.
Гул чида, пажмурдам чу гул,
Ғам хӯрда, соғар ёфтам.
Гоҳе зи худ ғофил шудам,
Дарёи бесоҳил шудам.
Гаҳ дар диёри хештан
Муҳтоҷи як манзил шудам.
Гоҳе чу гул пурхандаам,
Гоҳе зи худ шармандаам.
Ман ҳар киям, ман ҳар чиям
То он даме, ки зиндаам,
Ман ифтихори ҳастиям,
Ман эътибори ҳастиям.
Бо ҷумла бори меҳнаташ
Миннатгузори ҳастиям.
Ман як қалам туғёнгарам,
Исёнгарам, исёнгарам.
Бо ҷумла иллатҳои худ
Инсонгарам, инсонгарам!
14.4.1980

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail