ТАҒОБИЁРАК

Бар рӯйи каф омад маро

Бо бӯйи гул, бо бӯйи  хор,

Гуфтам: — Пари худро кушо,

Рав, рав тағоямро биёр.

 

То нӯги дастам монд по,

Пас боли худро боз кард,

Бо як шитобе бар ҳаво

Аз  дасти  ман  парвоз кард.

 

Аз рӯйи ҷӯ бигзашту   роҳ,

Аз соҳили  дарё  гузашт,

То хубтар кардам нигоҳ,

Аз домани саҳро гузашт.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close