ТАЪНАИ ФАРИШТА

Ту,эй фариштае, ки аз баландии само
Ба ҷониби замини паст бингарӣ,
Магар аз инат он фароғату сафо,
Ки аз башар ҷудоиву
Зи насли дигарӣ
Ва бошадат само ватан,
Маро замини модарӣ.

Маро ту , эй фаришта, таъна мезанӣ,
Ки баҳри мансаби баланд одамон
Зи устухони ҳамдигар кунанд нардбон.
Ҳамон ки гӯяд ӯ, бувад қарину дӯстат,
Хабар шавӣ, ки ҷой карда каҳ ба пӯстат.
Ҳамон ки дар канори худ кашад туро чу ёр,
Агар ту ғойибӣ,
Зани туро ба ҷойи ту кашад канор.

Маро ту, эй фаришта, таъна мезанӣ,
Ки одамӣ ба зери остин
Барад ба ҷойи дасти меҳр – санги кин;
Ки дар лабони ӯ ба ҷойи нӯшханд
Саросар аст нешханд.
Набошад офаридае чун ӯ ба баҳру бар,
Ки фикри ӯ дигар,
Сухан дигар,
Амал дигар.

Аҷаб, ки дар назар намояд ӯ яке
Ва бо се гунае кунад зуҳур,
Ки ҳосилаш бувад футур.

Маро ту, эй фаришта, таъна мезанӣ,
Дигар куҷост одаме, ки нусхаи Худо бувад,
Зи макру ҳилаву разолату бадӣ ҷудо бувад,
Дилаш ба равшанӣ чу чашмаи зиё бувад,
Ба роҳи ҳақ адо бувад.

Дигар куҷост одаме, ки гӯяд ӯ сафо барам,
Ба ҳар касе бародарам, ба ҳар касе баробарам.
Куҷост одаме чунин
Ба соҳати замин?

Ту, эй фариштаи самои пок,
Гузар бикун зи таънаҳои талх,
Гузар бикун зи ҳарфҳои дарднок,
Гузар бикун ту аз ситез,
Ки бо туям сари ситез нест.
Агар маро ситезаест,
Ба ҷуз ба хеш нест.

Фақат туро бигӯям, эй фариштаи фариштагон,
Ки бар замин фуруд о зи авҷи осмон.
Нагӯямат, ки байни одамон фаришта шав,
Тавонӣ, одаме бишав ту байни одамон,
Бигӯямат, ки офарин,
Туӣ фариштаи замин!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail