ТАМАЪ ҲАРОМ

Обуруву эътиборат аз тамаъ кардӣ ту паст,
Сини ту ҳоло ҷавону ору номуси ту ҳаст?
Аз барои раҳгузар, то ки бидҳад пайсае,
Мекунӣ доим дуо бар осмон бардошта даст.
Борҳо дар зиндагӣ мо дидаву санҷидаем,
Ҳоли кас беҳтар нашуд, то ба касбе дил набаст.
Дӯсти доно интихоб кун, сахт гир домонӣ ӯ,
Машварат бинмо ба ӯ ҳоло, ки дар ту вақт аст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail