ТАНҲО

Рафтам аз хонаи чашми тую аз хонаи дил,
Ту бимон бо худу ман бехуду девонаи дил.
Баъд аз ин дар ду ҷаҳон
Роҳи ман аз ту ҷудост.
Ту маро таъна мазан,
«Ёри девона худост».1
Чу надонистӣ вафодории мардонаи дил,
Ту бирав даст ба даст, ман суи вайронаи дил…
Баъд аз ин дар ду ҷаҳон
Роҳи ман аз ту ҷудост.
Ту маро таъна мазан,
Ёри девона худост.
Чу бидидам, ки туӣ беғаму бегонаи дил,
Гум шудам дар алами шоми ғарибонаи дил.
Баъд аз ин дар ду ҷаҳон
Роҳи ман аз ту ҷудост.
Ту маро таъна мазан,
Ёри девона худост!
7.12.1982

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close