ТАНҲОӢ

Танҳоӣ на он аст, ки танҳою ғарибӣ,
Танҳоӣ на он аст, ки бе ёри қаринӣ.
Танҳоӣ чунон аст, ки дар байни ҳама халқ
Бошӣ, вале бе дарди ҳама халқ нишинӣ.
Танҳоӣ на он аст, ки ёрону ҳарифон
Як бор напурсанду даратро накушоянд.
Танҳоӣ чунон аст, ки дар ҳозиру ғоиб
Қадри ту надонанду ғаматро назудоянд.
* * *
Падарам, эй падари деҳқонам,
Ту ҳамехостӣ деҳқон бошам.
Наравам як қадам аз деҳ берун,
Бандаи мазҳабу имон бошам.
Ту ҳамехостӣ Қуръон хонам,
Ки аз ӯ маърифате боло нест.
Ту ҳамехостӣ мулло бошам,
Баски дар деҳкада як мулло нест.
Ту ҳамехостӣ, ки ҳамраҳи ту
Тухм пошам ба заминҳои куҳан.
Даравам гандуму хирман кӯбам,
Давр гардам чу ту гирди хирман.
Гоҳ додӣ ту ба дастам омоч,
Гоҳ додӣ ту ба ман гаврона,
То ки ин мазраъаи бобоӣ
Нашавад киштгаҳи бегона…
Ту маро сохтӣ аз меҳнату дард,
Офаридӣ ту маро аз гили худ.
Парваридӣ ба тасаллою умед,
Додиям об зи хуни дили худ.
Лек афсӯс! Бубахшо бар ман,
К-аз тақозои ту берун рафтам.
Ошиқӣ бурд маро бо раҳи худ,
Гӯиё аз паи Маҷнун рафтам.
Ишқ дар ман чи ҳунарҳо парвард,
Шеваи шоирӣ омӯхт маро.
Бурду овард ба сад шебу фароз,
Сӯхта, сохта, афрӯхт маро.
Пас чу ту қадри замин донистам,
Пас чу ту шахсару бебок шудам.
Ёфтам роҳ зи ҳар бероҳа,
Аз ҳама айбу гунаҳ пок шудам.
Падарам! Боз бубахшо бар ман,
Гар на монанди ту ман деҳқонам.
Нусхаи поки туям дар дунё,
Ман саропой туро мемонам.
Гар зи деҳқонию аз барзгарӣ
Тухмпошӣ ба замин аст мурод,
Шоирӣ ҳам ба масал деҳқонист,
Ки кунад мазраъи дилҳо обод.
Шоирӣ ҳам ба масал деҳқонист,
Шеър бунёди ҳама маснадҳост.
Шеър тухмест, ки сабзад дар дил,
Шеър меҳроби ҳама миллатҳост.
* * *
Шеър гӯям, ошиқе чун арзи дил
Бехгӯшӣ баҳри ёре хонадаш.
Баҳри таскини дилу таскини рӯҳ
Ошиқи шабзиндадоре хонадаш.
Шеър гӯям бо табутоби зиёд,
Шеър гӯям бо тамоми ифтихор,
Ё шавад гулчанбаре бар рӯи гӯр,
Ё шавад гулдастае аз баҳри ёр.
Шеър гӯям, то бидонанд аҳли дард
Дарди онҳо дар дили ман бештар.
Шеър гӯям, то бидонанд аҳли дил
Аз дили онҳо дили ман рештар…
* * *
Зи ҳар кӯҳе бигирам резаи санг,
Зи ҳар дарё бинӯшам як каф обе,
Зи ҳар гулбун канам як шохаи гул,
Зи ҳар базме хурам ҷоми шаробе,
Ки афзоям ба дарё қатрае об
Чу рӯзе бигзарам аз дори дунё.
Ба кӯҳе резае, бар гулбуне – гул,
Ба ҳар базме физоям ҷоми саҳбо.
Зи ҳар гӯре бигирам мушти хоке,
Замини шеърро обод созам.
Замини зиндаро бинам барӯманд,
Замини мурдагонро ёд созам.
Зи ҳар роҳе биҷӯям нақши пое,
Ки пеш аз ман кӣ буду чун сафар кард.
Гузашт аз роҳ ё бигзошт раҳро?
Гузашт аз даҳр ё аз худ гузар кард?
Зи ҳар дил доғи пинҳоне бихонам,
Суҷуд орам ба азми сарфарозон.
Ба дунёхурдагон нафрину нафрин,
Ҳазор аҳсант бар дунёшиносон.
Чунон ки олиме аз байни мардум
Бичинад байт ё зарбулмасалҳо,
Ман он сон хешро ҷамъ орам аз халқ,
Зи ҳар ҷузъе, ки дар мо ҳасту дунё.
Ки рӯзе ин ҷаҳонро тарк гӯям
Маро дунё нагӯяд тарк бечиз.
Бигӯям марг беҳ, гар бонишон аст,
Зи умри бенишон парҳезу парҳез!
Гузорам дил барои дилфигорон,
Сарамро баҳри сарбозон гузорам.
Ду дастамро чу ду боли уқобон
Барои дурпарвозон гузорам…
* * *
Ман зиндаам ба хотири дидори орзу,
Ман зиндаам ба хотири ёри хаёлиям,
Ман зиндаам ба хотири он ишқи сармаде,
К-орад паёми дилфиреб аз безаволиям.
Ман зиндаам ба хотири бахти наёфта,
Ман зиндаам ба хотири роҳи нарафтаам.
Ман зиндаам ба хотири ишқи набохта,
Ман зиндаам ба хотири шеъри нагуфтаам.
Ман зиндаам ба хотири он рӯзҳои баъд
То зиндаам ба даҳр, кашандам ба сӯи хеш,
Ман зиндаам ба хотири он чашмаҳои ҳусн,
К-овозашон шунидаам дар орзуи хеш.
Ман зиндаам ба хотири ноҷустаҳои дил,
Ман зиндаам ба хотири нашнидаҳои хеш.
Ман зиндаам ба хотири дурии дуриҳо,
Ман зиндаам ба хотири нодидаҳои хеш…
* * *
Роҳ бинанд ҷониби куҳсор
Чашмҳоям ба ҳини танҳоӣ.
Шабаҳе пеши дидаам тобад
Чун азизе ба чашми раҳпое.
Гӯӣ ҳозир зи гардани ин кӯҳ
Баччагиям парида меояд.
Аз паси пуштаҳои сабзу кабуд
Баччагиям давида меояд.
Гӯӣ ҳозир ба рӯи хоколуд
Дасту по кандаю харошида,
Кӯдаке мерасад ба тан карбос
Бинӣ боло кашида, ларзида,
Ки варо вақти говгум дар кӯҳ
Ҳайбате хӯсавор тарсондаст,
Гӯӣ сӯяш гирифтааст нишон,
Гӯӣ як тир низ паррондаст…
Ранги рӯяш паридаву ҳайрон
Чашмҳояш базӯр метобад.
Гӯӣ ӯро ҳанӯз ҳам дар кӯҳ
Чашмҳои гуреза мекобад.
Гуфтанӣ дораду наметонад,
Дар нигоҳаш нишони талвоса.
Ба гумонаш гуреза истодаст
Ба камоне ба пушти дарвоза…
Кӯҳсори ғуборпӯшида
Сарду хомӯш гӯӣ беҷонанд.
Баччагии маро вале тарсон
Аз нигоҳи гуреза медонанд.
Ин замон ҳар гаҳе ки раҳ бинанд
Чашмҳоям ба кӯҳу куҳпоя –
Гӯӣ ҳозир зи гардани ин кӯҳ
Баччагиям парида меоя(д).
Мепарад сӯи мо паи ёрӣ
Дасту рӯ кандаю харошида.
Медавад бо ҳазор талвоса
Аз камони гуреза тарсида…
* * *
Рафтанд то само
Кайҳоннавардҳо,
Аммо ҳанӯз ҳам
Аз остони дар
Берун нарафтанд
Занҳои деҳи мо.
Рафтанд то само
Кайҳоннавардҳо,
Аммо ҳанӯз ҳам
Савдогарӣ кунанд
Духтарфурӯшҳо.
Аммо ҳанӯз ҳам
Дар рӯи ин ҷаҳон
Бисёр мондаанд
Мардони норасо,
Ёрони носазо.
Аммо ҳанӯз ҳам
Дунони масту паст
Дунпарварӣ кунанд,
Бар қасди бихрадон
Кинаварӣ кунанд,
Бо қисмати замин
Савдогарӣ кунанд.
Аммо ҳанӯз ҳам
Инсони даври мо
Шири сафед хӯрда зи пистони модарон
Бо хун нависад ӯ
Тақдири одамон.
Ҳар лаҳза бими ҷанг,
Ҳар лаҳза бими марг,
Ҳар лаҳзаи бӯи хун,
Бӯи атому бомбаву заҳри ҳаётсӯз
Сӯзад димоғҳо.
Ҳар лаҳза дар гумони мо оташ занад касе
Дар кишту боғҳо.
Кайҳоннавардҳо!
Шумо
Ҳарчанд то само
Парвоз кардаед,
Аз номи одамӣ
Пайғом бурдаед,
Ҳарчанд дар фалак
Роҳе кушодаед,
Нақши мубораке
Дар Маҳ ниҳодаед,
Савганд мехурам,
К-аҳли Замин ҳанӯз
Дар хоби ғафлатанд.
Аз ваҳму ваҳйу зуъм
Берун нарафтаанд.
Маъзурам ар, вале
Савганд мехурам:
Паст аст он Замин!
Паст аст ин Замин!
* * *
Миннати он даме, ки мо бо ҳам
Дар раҳи зиндагӣ шинос шудем.
Як дам аз хештан бадар рафтем,
Як дам аз ишқ бениёз шудем.
Миннати он раҳе, ки беминнат
Кард наздик роҳи дилҳоро.
Миннати он хамӯшии мутлақ,
Ки шунидем оҳи дилҳоро.
Миннати он шабе, ки чун чодар
Рӯйпӯши гуноҳи мо мебуд.
Аз тиреза нигоҳи хираи моҳ
Гӯиё хайрхоҳи мо мебуд.
Рахти хобат чу маснади шоҳӣ
Шоҳиди ҷангу оштиҳо буд.
Сандуқи синаат зи хотираҳо
Ҳамчу сандуқи пур зи тилло буд.
Ба димоғам ҳинои гесуят
Накҳати навбаҳор меовард.
Дар канорат дилам зи хушкомӣ
Оламе дар канор меовард.
Гули гулдони ту шукуфт он шаб,
То саҳар хонаро муаттар кард.
Субҳи козиб – дурӯғгӯи вақт
Раҳзане буду раҳзанӣ сар кард.
… Миннати он шабе, ки дар оғӯш
Сад ҳазорон сапеда пинҳон сохт.
Лаънати он сапедаи козиб,
Ки дили ҷамъи мо парешон сохт…
* * *
Борон… борон… борон…
Бас аз вазиши бод шикан дар шикан астӣ,
Чун гесуи нобофтаи ёри ман астӣ.
Чун модари ман тор кашӣ, шол бибофӣ,
Чун хоҳари ман пардаю рӯмол бибофӣ.
Чун шилшилаи борики рӯмоли фарангӣ,
Чун бофтаи обии бисёр қашангӣ.
Шаб то ба саҳар табл занӣ дар сари бомам,
Баргӯӣ, чӣ овардӣ зи афлок паёмам?
Борон… борон… борон…
Дар тӯри булӯрит фаро гир сарамро!
Дар панҷараи нуқрагият дор диламро!
1975

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail