ТАНҲОВУ ОХИРИН

Дар боғи ман туӣ гули танҳову охирин,
Танҳову охирин гули ман, хуш шукуфтанат.
Гарчи хуш аст хандаи ту, боз хуштар аст,
Дар ман шукуфта рози худ аз ман нуҳуфтанат.

Шабҳо дили ман об шавад дар хаёли ту,
Шабнам ба барги рӯйи ту оби дили ман аст.
Чун офтоби рӯйи ту хандад ба субҳи ман,
Дигар наёбиям, ки куҷо ҷон, куҷо тан аст.

Дасти дуои ишқ кашам ҳар саҳар ба рӯй,
То дасти сабзи шохи умедам ба сӯйи туст.
Ҳоло агар ба гулшани ман рангу бӯй ҳаст,
Ин рангу бӯйи тоза фақат рангу бӯйи туст.

Эй охирин гуле, ки ба боғам шукуфтаӣ,
Як гул баҳор нест магар қалби зорро?
Эй хуш ту он гулӣ, ки на танҳост худ баҳор,
Ҳатто ба тирамоҳ биёрад баҳорро.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail