ТАНЗЕ АНДАР ФИРОҚИ СОБУН

Замоно, ду-се кулча собун фирист,
Ки бо ашк рӯ шустанам дур нест.
Чунон сер гаштем аз ваъдаҳо,
Ки ваъда кунад қай ҳама меъдаҳо.
Зи шух аст пур чор сӯ, шӯхӣ нест,
Замон аст ношустарӯ, шӯхӣ нест.
Барои ду собун ба ҳар сӯ давон,
Чи сон метавон шуст рӯи замон?
Чу собун наёбӣ ту дар ин макон,
Нашӯӣ чӣ сон даст аз ин замон?
Чунон чун бувад дар ҳама рӯзгор,
Ду-се тан агар буд ношуста пор.
Кунун ҷумла ночор ношустаанд,
Ба чирку ба шух аксар оғуштаанд.
Бинозам туро, бозсозӣ, бигӯ,
Чӣ сон зиндагонӣ шавад тозарӯ,
Ки аз баҳри собун ҳама хираанд,
Даруну бурун ҷумлагӣ тираанд.
Чу собун набошад, замоно бидон,
Раванд аз ҷаҳон ҷумла ношустагон…
Замоно, замоно, бигардам сарат,
Ки ношуста ҳеҷам марон аз дарат.
Замоно, замоно, ту собун фирист,
Ки чиркин намирад ягон комунист!
10.10.1989

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail