ТАПИШИ ДИЛ

“Дили ту, – гуфт духтурам рӯзе, –
Хастаю бемадор гардидаст,
Раҳм овар бар ҷисму ҷони худ,
Ба хатар ӯ дучор гардидаст,
То шавад бехатар ҳаёти ту
То ҷавонии рафта ояд боз,
Дили дигар гузор дар сина,
Зиндагиро зи нав бикун оғоз…”
Гуфтам ӯро:
– Ҳазорҳо таҳсин
Эй табибу ҳакими донишманд,
Лек ҳайҳот бар мани хаста
Хайрхоҳии ту нагашт писанд.
Гӯй охир чи сон ҷудо гардам
Аз диле, ки ҳамеша бо ман буд
Буд ғамхори дӯстони ман,
Душманонро ҳамеша душман буд.
Ӣо ҳамин дул кушода будам чашм,
Бо ҳамин дилдиловарӣ кардам,
Бо ҳамин дил бо қудрати Ватанам
Сарфарозона боварӣ кардам.
Ӯст устоди зиндагонии ман,
Дарси ишқу вафо ба ман омӯхт,
Дар дами шодиям ба рақс омад,
Решаи дарду ғуссаро месӯхт.
Посбони ҳаёти ман бошад,
Рӯзу шабҳо ҳамеша бедор аст,
Боиси ҳастиям тапидани ғст,
Бо ҳама шодию ғамам ёр аст.
Бо диле, ки нав асту бегона
Ҳавасу майли ошноӣ нест.
Алғараз, аз диле, ки дорам ман,
То даме зиндаам, ҷудоӣ нест!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close