Тарки соғар кардаму андар хумораш сӯхтам

Тарки соғар кардаму андар хумораш сӯхтам,
Тарки дилбар кардаму дар раҳгузораш сӯхтам.
То ба дарёи диле рафтам ба сад дарёдилӣ
Бе канораш об гаштам, дар канораш сӯхтам.
Содалавҳон ишқро нодида донистанду ман
Дидаму донистаму дар интизораш сӯхтам.
Бодахорон зиндагиро бо қадаҳ хурданду ман
Дар қатори оқилони ҳушёраш сӯхтам.
Аҳли дил сӯзанд агар аз нобарориҳои дил,
Ман ба саҳни зиндагонӣ аз барораш сӯхтам.
Сабзаҳо сӯзанд агар дар зери гармои тамуз,
Ман тару тоза дар оғози баҳораш сӯхтам.
«Вовайли он миссе, ки ӯ бо кимиё ошиқ нашуд».
Охир мани шӯридадил бо як садо ошиқ шудам,
Бо камбаҳоиям туро, эй бебаҳо, ошиқ шудам.
Бедарду ғам будам агар, дар ишқ кам будам агар,
Инак туро дарёфтам, бо дардҳо ошиқ шудам.
Қадри ту нодониста буд, армони ман нашкаста буд,
Гум кардамат андар замин, то дар само ошиқ шудам.
Гар бо ту будам носазо, гар бе ту будам норасо,
Ҳам носазо ошиқ шудам, ҳам норасо ошиқ шудам.
То кай хамӯшу бесадо? Он беҳ ки бошам дар бало,
Ман як бало мехостам, бо сад бало ошиқ шудам.
Гаҳ бехудам, гаҳ бехудо, аммо бад-ин сон муддао
Шояд худои дил туӣ, ман бо худо ошиқ шудам!
Дар мағз-мағзи ҷонам ғамҳои ту бимирам,
Бо гуфтугӯи ишқат бегуфтугӯ бимирам.
Якумр аз раҳи дил – аз манзиле ба манзил
Бас ҷустуҷӯт кардам, дар ҷустуҷӯ бимирам.
Дар орзуи рӯят бигзашт зиндагиям,
Дигар чи орзуе, з-ин орзу бимирам.
Чун аҳди ту шикастам, дил бо сабӯ бибастам,
Гар по зи роҳ монад, пои сабӯ бимирам.
Мастии бода бигзашт, мастии ишқ боқист,
Теғи нигоҳи мастат андар гулӯ бимирам.
Ҳар гоҳ пеши рӯям ояд аҷал, малулам,
Нодида сер рӯят ман бо чӣ рӯ бимирам?!
Як бор дидани ту бахти накӯи ман буд,
Некӯ назистам гар, шояд накӯ бимирам…
Марде барои шуҳрат, марде барои давлат,
Гар марг пурсад аз ман, ман баҳри ту бимирам!…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail