ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ…

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне
Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина
Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст.
Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих
Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб
Бар фарқи саре найзаю ханҷар накашидаст.
Тоҷик ҳама умр ба ҳар бозии қисмат
Бардошт1 биёмухта зи кӯҳи ватанаш буд.
Ҳар теша, ки бар синаи ҳар санг фурӯ рафт,
Доғи дили бекинаю захми баданаш буд,
Ҳар ҷавшани олудаи хуне, ки ба бар дошт,
Ҳам ҷавшани ҷони ватану ҳам кафанаш буд.
Таърих басо дида, ки андар раҳи паймон
Тоҷик даме пеши адӯ сар нафикандаст.
Ҷон канда басо, лек
З-ояндаи пирӯзи худ уммед накандаст.
Мурданд басо маслаку ойину худоён,
Маҳкум бимурданд басо ҳукмравоён,
Мурданд забонбаста басо уқдакушоён,
Бар рағми ҳама ҳилаю тазвиру тааддӣ
Аз оташи суғдон
Як шуъла фақат монд фурӯзон,
Як шуъла, ки дар чашму дили халқ ҳамесӯхт,
Як шуъла, ки бар халқ чи сон сӯхтан омӯхт.
Ҳар наъл, ки бархурд ба ҳар санги куҳистон,
Ҳар наъл, ки бар санг заду шуъла бирӯёнд,
Ҳар шуъла, ки аз теғи бароҳехта меҷаст
Дар партави хуршед сари дасти далерон,
Омӯхт ба мардум ҳунари шуълавариро,
Бо хасм ситезидану пирӯзгариро…
Ҳар шуълаи сӯзандаи уммеди дили халқ –
Он шуъла, ки дар ҳар маҳали тираи таърих
Гаҳ-гоҳ ҳамесӯхт;
Он шуъла, ки андар дили ҳар санг ниҳон буд,
Он шуъла, ки дар дидаи ҳар фард аён буд,
Дар чашми Хирад ҷамъ шуду тоза барафрӯхт.
Гӯё ки ҳама шуълаи сӯзони парешон
Аз қаъри замонҳо
Дар чашми Хирад ҷамъ шуду гашт фурӯзон.
Дар чашми Хирад оташи исёни ҳама халқ,
Ошӯби дили шуълавару хашми хурӯшон
Ҷамъ омаду гардид чунон машъали тобон,
К-аз партави он чор суи тираи таърих
Равшан шуду чашми дигаре ёфт ҳама халқ,
Бар хеш назар кардаву бишнохт худашро,
Феҳристи ҳама бешу каму неку бадашро.
Бингашт ба ойинаи қасду талаби худ,
Бар чеҳраи худ, зоти худ, аслу насаби худ…
Бо чашми Хирад бингарӣ аз қуллаи имрӯз
Ҳар гоҳ ба печухами таърихи ниёгон
Бинӣ ба чӣ эъҷоз
Тоҷик ба мулки дигарон роҳ кушодаст,
Чи дур, чи наздик
Сад раҳ ба дили мардуми огоҳ кушодаст.
Алҳақ ҳама медонаду таърих гувоҳ аст
Тоҷик ҳама умр
Дар Мағрибу Машриқ
Кардаст мусаххар чи бас иқлиму мамолик…
Аммо на ба шамшеру камону сафи лашкар!
Бо санъату бо фитрату бо ақли мунаввар,
Бо ҳиммату бо ҳикмату бо шеъру тарона,
Бо рӯҳи ҷавононаю пирӯзгарона…
24.11.1973

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail