ТАРОНА

Ман аз бар мекунам рӯзе суруди обшоронро,
Забон мебахшам охир ман сукути кӯҳсоронро.
Ман охир рӯдҳоро раҳнамоӣ мекунам рӯзе,
Паёми об меорам ҷавори даштзоронро.
Ман охир турнаҳоро бо баҳори нав
муборакбод мегӯям
Ва аз ҳар хатти сабзи сабзаи навруста меҷӯям
Замони навхатиямро.
Ва аз ҳар навниҳоли гулбасар дархост месозам
Замони навқадиямро.

Ман охир корвони кӯҳҳоро бор мебандам,
Ба даргоҳи ҷавонӣ рӯй меорам.
Ба ҳаққи шири модарҳову ҳаққи ҳусни духтарҳо
Ҷавониро ҷиҳози тӯй меорам.

Ҷавонии дигар меёбам аз дунёи рӯҳонӣ,
Зи нав таҳрир месозам ба афсӯсу пушаймонӣ
Хатоҳое, ки аз ман рафт дар ишқи ҷавониям,
Хатоҳое, ки бигзашт аз ману аз зиндагониям.
Валекин дар тани деворҳои мактаби деҳа
Нахустин шеърҳои ошиқии хешро
дигар намеёбам,

Дигар дар нӯки мӯи духтарони ҳамдабистонам
Ба тарсу ларз мактуби муҳаббат ҳам намебандам.
Раҳо шуд кокули онҳо зи дастонам,
Раҳо шуд номаи ман ҳам.
Дигар дар хоб мебинам рухи ҳамсоядухтарро,
Ки бо ман ҳар саҳар ҳамроҳ мактабхона меомад.
Муҳаббат чист? – мепурсид аз ман духтари сода,
Ба мактаб гӯиё дарси муҳаббатхонӣ меомад.
Дигар ман хоб мебинам нахустин устодамро,
Нахустин дафтари машқу
«Алифбо»-и саводамро,

Дигар ман хоб мебинам сари зонуи модарро,
Канори гарми модаррову тарҳи рӯи модарро.
Замони беғамии ман гузаштаст.
Ман акнун рангҳои тавъами рангинкамонамро
Зи ашки модарони пир меёбам.
Ман акнун рангҳои равшани давру замонамро
Зи мӯҳои сафеди пирҳои давр мекобам.
Ба ёди обшори кокулони духтари тоҷик
Ман аз бар мекунам рӯзе суруди обшоронро!
Ба номи қуллаҳо – гаҳвораи мардони оламгир
Забон мебахшам охир ман сукути кӯҳсоронро!

1968

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close