ЗАБОНИ ТИР, ЗАБОНИ ҲАҚИҚАТ

Ту ҳар боре камон бар дӯш бебок
Ҳақиқатро бигӯ, мегӯӣ, эй дӯст.
Ба ҳаққи ту агар гӯям ҳақиқат,
Ту дарҳол аз тани ман меканӣ пӯст.
Агар гӯям камон бар дӯши ту: ганҷ,
Агар гӯям камон бар дӯши ту: бахт,
Агар гӯям камон бар дӯши ту: ҷоҳ,
Агар гӯям камон бар дӯши ту: тахт;
Агар гӯям ки ту миллаткушастӣ,
Камон бар дӯш ҳастӣ душмани халқ,
Ба зоҳир роҳбону посбонӣ,
Ба ботин раҳзани ҳақ, раҳзани халқ;
Агар гӯям, ки ту як ҷав наярзӣ,
Камон бар дӯш як дам қаҳрамонӣ.
Камонатро чу аз дастат бигиранд,
Куҷо ту қаҳрамонӣ? Қалтабонӣ!
Ҳақиқатро чунин гар рӯ ба рӯят
Бигӯям, бегумон дар он дақиқа
Камонро рост созӣ бар дили ман,
Ва ё андозӣ тирам бар шақиқа.
Ҳақиқатро бигӯ гуфтӣ, бигуфтам,
Ки ҳаргиз менагунҷад дар гумонат.
Яқин дидам, ки ҷони ҳақварамро
Замонат нест аз тиру камонат.
Камон бар дӯшу сад тороҷу толон…
Ҳақиқат? Боз мегӯӣ ҳақиқат?
Ба ту бояд сухан аз дайюсӣ гуфт,
Ба ту бояд сухан гуфт аз ҳамоқат.
Ҳақиқат? Боз мегӯӣ ҳақиқат?
Ҳақиқат ин ки бар ман деҳ камонат,
Ки бар ҳаққи ҳама бедодкорит
Бипарронам зи чашму аз даҳонат!
Бипарронам зи чашмат, то бибандам
Ба сӯи ганҷҳо роҳу тариқат,
Камонатро кунам чӯби мазорат.
Ҳақиқат ин бувад! Маҳзи ҳақиқат!
Ҳақиқат? Боз мегӯӣ ҳақиқат?
Ҳақиқат хурда милёнҳо сари мард.
Забона зад ҳақиқат аз забоне,
Забони тир онан кӯтаҳаш кард.
Ҳақиқат? Боз мегӯӣ ҳақиқат?
Ҳақиқат бо камон тавъам набошад.
Забони тир то оташфишон аст,
Ҳақиқат дар ҳама олам набошад!
* * *
Эй шаҳри беситораи дунёнадидаҳо,
Аз ҳар куҷо расида, ба ҳам норасидаҳо,
Шаҳри забоншикастаҳо, аз ҳам гусастаҳо,
Дар раҳгузори ҳодиса сархам нишастаҳо.
Шаҳре, ки дар суруди он матни ягона нест,
Шаҳре, ки дар таронаи он бекарона нест.
Шаҳри дурангзода, дуоташнажодаҳо,
Ҳам ҳошиянишастаҳо, ҳам уфтодаҳо.
Шаҳри ниҳоди хешро барбоддодаҳо,
Мурда, вале баҷой чу қандили ҷодаҳо.
Шаҳре, ки гӯӣ муслиму бадтар зи кофиранд,
Шаҳре, ки гӯӣ бумиянд, аммо мусофиранд.
Шаҳре, ки чун ба боми он оташ бирехтанд,
Оташгирифтаҳо ҳама ҳар сӯ гурехтанд.
Як кас нагуфт: шаҳри ман ин аст, ин манам,
Инак ману дифоъи дилу ҷони меҳанам!
Эй шаҳри ҳеҷ кас, ба куҷо мерасӣ, дареғ!
Шаҳри ҳама касӣ, ки чунин бекасӣ, дареғ!
12.6.1994

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail