ЗАБОНГУМКАРДА

Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае,
Дар замину дар замон гумкардае.
Ин нишон гумкардаеву дигаре
Хештанро бенишон гумкардае.
Ин яке бахти ҷавон гум кардааст,
Дигаре ганҷи равон гум кардааст.
Ин яке гар ними нон гум кардааст,
Дигаре ними ҷаҳон гум кардааст.
Ин яке ҷону ҷигар гум кардааст,
Он яке шӯру шарар гум кардааст.
Ин яке гум карда гар моли падар,
Дигаре панди падар гум кардааст.
Гар яке бому даре гум кардааст,
Дигаре ному фаре гум кардааст.
Он забони ҳамдилӣ гум кардааст,
Ин забони модарӣ гум кардааст.
Аз тамоми ину он гумкардагон
Зиштрӯтар нест дар рӯи ҷаҳон
З-он ки гум карда забони модарӣ,
Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон.
Бок не, гар доварӣ гум кардааст
Ё умеди сарварӣ гум кардааст.
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Он яке қадри сухангумкардае,
Дигаре боғу чамангумкардае.
Аз забонимодаригумкарда лек
Мерасад рӯзе ватангумкардае…
4.5.1986

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail