ЗАИФ

«Агар дар ҷои ӯ будам, ту медонӣ,
бародарҷон…»
«Агар дар ҷои ту будам, дигарсон
кор мекардам».
«Агар ман ҳам калон будам, ту медонӣ,
ки дар як рӯз…»
«Агар ман чун фалон будам,
чунон рафтор мекардам».
«Агар ман ҷои Фирдавсӣ будам,
аз баъди «Шаҳнома»
Ғазалҳои нишотафзову рӯҳангез мегуфтам».
«Агар дар ҷои Хайёми суханпардоз будам ман,
Ба ҷуз чанде рубоӣ достонҳо низ мегуфтам».
Чунон воменамояд хешро ҳақдору ҷонсӯзе,
Ки гӯӣ ростӣ ҳам метавонад кард иқдоме.
Фарозу шеб дар пеши даҳонаш баски яксон аст,
Ба фарқи пухтагон по мениҳад бо ин ҳама хомӣ.
Ба саҳни бӯстонҳо гоҳ мехоҳад занад чаҳ-чаҳ
Ба ҷои булбули шӯрида ин гунҷишки жӯлида.
Ба ҷои пил мехоҳад кашад борею сарборе
Ба роҳи зиндагӣ ин хаскаши худро насанҷида.
Чунон дандон ба ҳам совида,
мушташро гиреҳ карда,
Ба ҷои дигарон худро гузорад ин сабукандеш,
Ки гӯӣ ҳоли ҳозир мекунад кори худовандӣ,
Ки гӯӣ як худи ӯ баҳри дунё мекашад ташвиш.
Чу умре бурду обу нони мардум хурду
роҳат кард,
Саропо даъвию лоф аст ин зоти заифу гоҷ.
Тамоми умр бистад аз фақирону ҳақирон сов,
Вале боре напардозад ба анбори ҷамоат боҷ.
5.4.1986

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail