ЗАМИНИ ЭЪТИҚО

Яке дар кишвари арман замин ларзид.
Яке дар кишвари армон замин ларзид.
Замин ларзид.
Ҷони соҳибони хешро балъид.
Хуни бониёни хешро нӯшид,
Ту гуфтӣ модари бераҳму шафқат
Кӯдакони бегуноҳи хештанро кушт
Ва ё пушту паноҳи хештанро кушт.
Замин ларзид,
Ҳар ларза ба сони коми аждарҳо
Рабуд атфолро з-оғӯши модарҳо,
Ва модарҳо сари пистон ба коми тифлакон
мурданд,
Ҳама андар макони хеш ногаҳ ломакон мурданд.
Ба зери Найири аъзам,
Ки нураш буда ҷонбахшои фарзандони одам,
Найир – имрӯз гӯристон,
Ва шористон – мазористон…
Заминларза
Фиканда бар вуҷуди одамин ларза,
Ҳама офоқро гӯӣ зи ғофилмарг огаҳ кард.
Таноби дӯстӣ густарду муҳкам баст.
Таноби душманиро зуд кӯтаҳ кард.
Замин ларзид.
Гар аз ҳар зилзила як силсила бигсаста
хоҳад шуд,
Гар аз ҳар зилзила як қофила бишкаста
хоҳад шуд,
Табори одамӣ аз ин гусастанҳо, шикастанҳо
Фузунтар ҳамдилу ҳамбаста хоҳад шуд.
Замин ларзид, фардо боз меларзад.
Валекин бо ҳама андӯҳи сангин
Ба дил гӯям: замин ларзид, аммо кош, сад кош,
Замини эътимоди мо наларзад,
Замини эътиқоди мо наларзид…
Замини одамият аз барои одамӣ бошад,
Ҳамоҳангии ҷонҳо, ҳамдилию ҳамдамӣ бошад!
12.12.1988

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail