Тирамоҳ

На дигар хирмани гандум, на дигар хирмани моҳам,
Ба ҳаво тӯдаи абрам, ба замин тӯдаи қоҳам;
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам,ҳама дардам, ҳама сардам.

Қафаси синаи гулбун қафаси тӯтии гул буд,
Қафаси синаи ман ҳам қафаси тутии дил буд,
Си пари тутии гул рехт, пари тутии дил ҳам,
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам,ҳама дардам, ҳама сардам.

Чи қадар чангу ғуборе, ки дар оина нишастаст,
Чи қадар чангу ғуборе, ки дар ин сина нишастааст,
Чи қадар меваи шеъре, ки напухтааст дар ин шохи қалам;
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам,ҳама дардам, ҳама сардам.

На дигар замзамаи шеър,
На дигар шаршараи шеър

Чи қадар шеъри сафедам ба замин рехт чу шир,
Шоири гумшудаам, гумшуда шоир,
На ба моҳам, на ба ҷоҳам таҳи коҳам;
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам,ҳама дардам, ҳама сардам.

Гили ман як гили помол,
Дили ман як дили помол,
Дилакамро чи қадар мардуми дилхора фишурданд,
Чу анор;
Дилакамро чи цадар мардуми дилхора макиданд,
Чу анор;
Пату пӯчам, бағале баргу гиенам;
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам,ҳама дардам, ҳама сардам.

Лаби рӯзам чу лаби мардуми ранҷур,
Лаби бенур,
Лаби шомам чу лаби маҷмаабемор,
Лаби хуншор;
Табу табхолаву табларзаву хамёзаву оҳам;
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам,ҳама дардам, ҳама сардам.
Ману сад манзараи зард.
Ману сад хотираи зард.
Раҳи хокии ману ғарғараи боди хазон,
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам,ҳама дардам, ҳама сардам.

Ноябри 1998, Seattle.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close