ТИРАМОҲ

Осмони тозарӯ шуд тирарӯ,
Токҳоро гӯр карданд.

Пояҳои хушки пахта бегулу бебарг монданд,
Рафт з-онҳо қадру қимат – он гули симинашон,
Сӯяшон сар хам намесозанд дигар пахтачинон.
Пуштаҳо урён шуданд аз сабзаҳои махмалӣ,
Гашта бефарёду танҳою карахту пурсукут.
Яхча меборад саҳаргаҳ ҷои шабнам з-осмон.

Баъди ташвишу тараддудҳо мисоли модарон
Худ ба худ паҳлӯ зада хобад кунун Модар-замин.
Киштзорон мисли гурде, ки зи баъди корзор
Ояду паҳлӯ занад бо сарбаландию виқор,
Хешро омода созад бар набарде,
бар баҳори дигаре.

Лонаи бесоҳиби паррандагон
Дар миёни шохсорон зору ҳайрон мондаанд.
Чӯҷаҳое, ки калон карданд, ҳоло дар куҷоянд,
Дар куҷои ин фазои бекарон пар мекушоянд?
Неъмати худро замин тӯёна орад баҳри халқ,
Лек худ нӯшад яхоб.
Ҳар куҷо тӯй асту шодӣ, нағмаи чангу рубоб,
Фахр месозад замин дар зери по,
Дида неъматҳои худро дар сари хон беҳисоб.

Осмони тозарӯ шуд тирарӯ,
Токҳоро гӯр карданд.
Лек одам ток нест,
То ки онро гӯр карда айни сармои зимистон,
Боз бикшоянд айёми баҳорон…

22.11.1965

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close