Тиру камон меойӣ

Аз кадомин чаман эй сарви равон меойӣ?
Ҳамчу гул барзада доман ба миён меойӣ.
Чин ба абрӯ задаӣ, чашм лаболаб зи ғазаб,
Таркиши ноз пур аз тиру камон меойӣ.
Моҳро пераҳани ҳола ба тан чок шуда,
Парда ба рӯй кашида зи катон меойӣ.
Остин барзадаву ханҷари хунин ба даст,
Эй ҷафопеша, ба қасди дилу ҷон меойӣ.
Бӯйи хун аз сухани зери лабат меояд,
Ҳамчу мино ба май олуда даҳон меойӣ.
Меравӣ чун нигаҳ аз хона бурун чобуку чуст,
Зуд меойиву аз дида ниҳон меойӣ.
Доғҳо даст ба домони ту овехтаанд,
Магар оташ зада бар лола синон меойӣ.
Сайидоро ба нигоҳи рами оҳу дарёб,
Гар ба дилпурсии соҳибназарон меойӣ.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close