Тоби бунафша медиҳад турраи мушксои ту

Тоби бунафша медиҳад турраи мушксои ту,

Пардаи ғунча медарад хандаи дилкушои ту.

Эй гули хушнасими ман, булбули хешро масӯз,

К-аз сари сидқ мекунад шаб ҳама шаб дуъои ту.

Ман, ки малул гаштаме аз нафаси фариштагон,

Қолу мақоли оламе мекашам аз барои ту.

Давлати ишқ бин, ки чун аз сари фахру ифтихор,

Гӯшаи тоҷи салтанат мешиканад гадои ту.

Хирқаи зӯхду ҷоми май гарчи на дархӯри ҳаманд,

Ин ҳама нақш мезанам аз ҷиҳати ризои ту.

Шӯри шароби ишқи ту он нафасам равад зи сар,

К-ин сари пурҳавас шавад хоки дари сарои ту.

Шоҳнишини чашми ман такягаҳи хаёли туст,

Ҷойи дуъост, шоҳи ман, бе ту мабод ҷойи ту!

Хуш чаман аст оразат, хоса, ки дар баҳори ҳусн,

Ҳофизи хушкалом шуд мурғи сухансарои ту.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail