ТОҶИ АРӮСӢ

Ба сарат тоҷи арӯсӣ шаби тӯй,
Пеши пою қадамат гул мерехт.
Қул-қули шишаи май бар гӯшат
Гӯиё чаҳ-чаҳи булбул мерехт.

Байни ҳавлӣ чу шарори дили ту
Шоха андохта, машъал месӯхт.
Арғувонпӯш қади шамшодат
Давра ороставу дил месӯхт.

Чарх мегашт замин чун сари ман,
Чархгардон ҳама мерақсиданд,
Ҳама буданд ба ту бахтталаб,
Ҳама чун бахти ту механдиданд.

Ҳама аз баҳри туву иқболат
Ҷоми саршор ба лаб мебурданд,
Лек ширину гуворо гӯӣ
Талхии умри маро мехурданд.

Аз ту мемонд фақат сояю бас,
Ном мемонд зи афсонаи ман.
Чашми ман аз шарафи дидорат
Холӣ мегашт чу паймонаи ман.

Ман дар он базм чӣ будам, ҳайфо,
Соғаре, ки маи он паймуда,
Соғаре, ки маи он рехтааст,
На ба ҷоме, ба замин беҳуда.

Ту куҷо рафтӣ, куҷо мондам ман?
Зиндагӣ рафт ба роҳи дигаре.
Ҷойгардон шудӣ чун нахли ҷавон
Аз дили ман ба дили гармтаре.

Ба сарат тоҷи арӯсӣ шаби тӯй,
Пеши пою қадамат гул мерехт.
Қул-қули шишаи май бар гӯшат
Гӯиё чаҳ-чаҳи булбул мерехт.

26.6.1966

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail