ТОҶИКУ ӮЗБЕК

Тоҷику ӯзбек нишинанд дар лаби як хона ҳама,
Бишкананд бо лафзи бисмиллоҳ бубин як нон ҳама.
Тоҷику ӯзбек маҷозан чун ду чашми як саранд,
Ин ду чашм бодо мунаввар доимо як сон ҳама.
Тоҷику ӯзбек-ду халқ гулҳои як гулбуни боғ,
Аз насими дӯстӣ як вақт шаванд хандон ҳама.
Бар машоми тоҷику ӯзбек расад бӯйҳои гул,
Аз ҳамон гулҳо, ки бишкуфт дар “Баҳористон” ҳама.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail