ТОҚИИ МИРЗОВУ ПОПОХИ РАСУЛ

Устоди шеъри ноби асри бист,
Шоири соҳибқирон Ҳамзат Расул,
Ҳайф дар ҷашнат, ки Турсунзода нест,
Чун ба ҷойи ӯ маро дорӣ қабул?

Бар сарат тоқии тоҷикӣ ниҳам,
Дар назар попохи қафқозӣ намуд.
Дадр сари Мирзои Турсунзода ҳам
Ҳамчунон попох тоқӣ гашта буд.

Ҳар касе андеша дорад, ҳиммате,
Ин табодулро чӣ бошад ҳикмате?!

… Даҳрро зераш гирифт аз арзу тӯл
Тоқии Мирзову попохи Расул.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail