Толеъ агар мадад кунад

Толеъ агар мадад кунад, доманаш оварам ба каф,

Гар бикашам, зиҳӣ тараб, в-ар бикушад, зиҳишараф!

Тарфи карам зи кас набаст ин дили пурумеди ман,

Гарчи сухан ҳамебарад қиссаи ман ба ҳар тараф.

Аз хами абрӯи туам ҳеҷ кушоише нашуд,

Ваҳ, ки дар ин хаёли каҷ умри азиз шуд талаф.

Абрӯи дӯст кай шавад дасткаши хаёли ман,

Кас назанад аз ин камон тири мурод бар ҳадаф.

Чанд ба ноз парварем меҳри бутони сангдил, .

Ёди падар намекунанд ин писарони нохалаф.

Ман ба хаёли зоҳидӣ гӯшанишину турфа он-к,

Муғбачае зи ҳар тараф мезанадам ба чангу даф.

Бехабаранд зоҳидон, нақш бихону лотақил.

Масти риёст мӯҳтасиб, бода бидеҳу лотахаф.

Сӯфии шаҳр бин, ки чун луқмаи шубҳа мехӯрад,

Пордумаш дароз бод он ҳаявони хушалаф.

Ҳофиз, агар қадам занӣ, дар раҳи хонадон ба сидқ,

Бадрақаи раҳат шавад ҳиммати шаҳнаи Наҷаф.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail