ТОРҲОИ НОНАВОХТА

Ҷавонӣ, масти ҳусну обутобӣ,
Ба рӯи ганҷи Қорун менишинӣ.
Агарчӣ нестӣ Лайлӣ, валекин
Ба истиқболи Маҷнун менишинӣ.

Ту мехоҳӣ, ки дар афсонаи ишқ
Ҷавон монӣ, ҷавон монӣ ҳамеша.
Ту мехоҳӣ, ки бо ҳусни дурӯза,
Суруди дилбарӣ хонӣ ҳамеша.

Ту мехоҳӣ кунад тақдис ошиқ
Туро дар ишқ, дар овозаи ишқ.
Намояд розӣ аз савдои ҳастӣ
Ба бахшишҳои беандозаи ишқ.

Ту мехоҳӣ, ки мисли тифл резад
Ба пешат мард ашки дона-дона.
Фитода пеши поят лоба созад,
Шавад аз ишқ дар дунё фасона.

Намедонӣ, ки гоҳо хандаи мард
Бувад рӯпӯши дарди ҷонгудозе.
Намедонӣ, ки гоҳе ӯ бигиряд
Ба ҷои хандаи бесӯзу созе.

Ҷавонӣ, гиряҳои кӯдаконро
Ту гоҳо бесабаб гӯиву хандӣ.
Ба ҷангу моҷарои хонадорон
Зи дур истода байти айб бандӣ.

Дилат ҳоло ба мисли лавҳи тоза,
Налағжидаст пои ту зи роҳе.
Китоби хотиротат нонавишта
Зи тафсири савобею гуноҳе.

Ту мехоҳӣ, ки аз рӯи дили ту
Ҷаҳон хезад, нишинад, рӯз бинад,
Ту мехоҳӣ, ки ҳар чӣ дар дилат ҳаст,
Бурун ояд, ба дигар дил нишинад.

Гаронборӣ, агарчи дар канорӣ
Ҳанӯз аз ҷӯши баҳри зиндагонӣ.
Шиновар шав, биҷӯ з-он дурри ноёб,
Муборак бод ҳусни ҷовидонӣ!

Ҷавонӣ, масти ҳусну обутобӣ,
Ба рӯи ганҷи Қорун менишинӣ,
Ба ҷонат раҳм кун, ҷинси биҳиштӣ,
Чаро бо ёди Маҷнун менишинӣ?!

2.12.1964

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close