Тоза кардани руй

Тоза месозам зи барқи нола доғи хештам,
Мекунам равшан ба оҳи дил чароғи хештан.
То ба кай, эй лола, доман мезанӣ бар оташам?
Рӯзгоре шуд, ки месӯзам ба доғи хештан.
Орзуҳои сипандам музтариб дорад маро,
Вақти он омад занам оташ ба боғи хештан.
Дорад аз марҳам ҳазар парвонаи доғи худам,
Мезанам гул бар сари худ аз чароғи хештан.
Гоҳ бар гирдоб мепечам, гаҳе бар гирдбод,
Рафтаам аз худ ба савдои суроғи хештан.
Фурсати бар гирди худ гаштан намебошад маро,
Соате аз ғам намеёбам фароғи хештан.
Шоми субҳи рафтаи ман боз ояд бар сарам,
Мекунам ҳар шаб тамошо гашти зоғи хештан.
Аҳли суҳбат, Сайидо, умрест, саргарми худанд,
Бо кӣ ҳамчун шамъ месӯзӣ димоғи хештан?

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail