Ту дар дунёи ман ҳастӣ

Ту дар дунёи ман ҳастӣ, вале дунё намедонад,
Туям дарёдиле кардӣ, ягон дарё намедонад.
Ғамамро мехурӣ ҳар дам, ғаматро мехурам ман ҳам,
Чунин ғамхорагӣ дунёи бепарво намедонад.
Ман аз он ишқи пинҳоне, ки байни мост, медонам,
Ки олам инчунин ишқу таманноро намедонад.
Хатокор аст худ дунё, хатои мову ту аз ӯст,
Вале ӯ сабки ислоҳи хатоҳоро намедонад.
Миёни мо чӣ ҳасратҳо, чӣ нусратҳост, медонам,
Намедонад аз ин имрӯз, ҳам фардо намедонад.
Ману ту гар ба ҳам бошем дар дунёи серӯзӣ,
Чӣ парвое, гар ин дунё туву моро намедонад.
Ошу нонат чун адо шуд, ошноят меравад,
Аз наво чун бозмондӣ, ҳамнавоят меравад.
Шоҳиди ранги муҳаббат ҳар нафас аз боғи дил
Гул наёрӣ, дилбари гулгунқабоят меравад.
Меравӣ аз даст, чун дастат бимонад аз амал,
Поят аз раҳ бозмонад, радди поят меравад.
Доварии халқ мизоне надорад якмизоҷ,
Як бадӣ кардӣ, тамоми некиҳоят меравад.
Пешсаф бошӣ, ҳазорон сафдар анбози туянд,
Чун зи саф берун бияфтодӣ, сафоят меравад.
Дори дунё мехурад дорунадоратро ҳама,
Оҳу афсӯсу надомат аз қафоят меравад.
Гар гадои шоҳтабъӣ, шоҳ ояд назди ту,
Шоҳи мумсиктинатӣ, аз дар гадоят меравад.
То худои хеш бошӣ, пуштбони ту худост,
Чун зи худ рафтӣ, зи сар лутфи худоят меравад.
Дидан ҳама касрову надидан – назари мост,
Чидан ҳама гулрову начидан – самари мост.
Бори ҳама айём кашидан ба сари дӯш,
Бори дили худро накашидан – ҳунари мост.
То манзили хуршед расидан ба муҳобо,
Бар манзили мақсад нарасидан – сафари мост.
Нодида, надониста давидан ба сӯи уфқ,
Аз худ қадаме ҳам нараҳидан – зафари мост.
Дар ишқ ба сад лоф тапидан зи ғами ёр,
Дар хуни дили худ натапидан – асари мост.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close